Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Озмуни «Беҳтарин донандаи Оинномаҳои
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

130 27-уми октябри соли ҷорӣ, дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ, бо мақсади такмил додани донишҳои назариявӣ, баланд бардоштани қобилияти зеҳнӣ ва маҳорати касбии хизматчиёни ҳарбӣ шуъбачаи хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ озмуни «Беҳтарин донандаи Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор намуд. Озмун дар заминаи қисми ҳарбии 051055 бо иштироки даҳ дастаи мусаллаҳ бо донишҳои мукаммал доир шуд. Ҳайати дастаҳоро афсарону сержантон ташкил мекарданд, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори хадамот, командири рота, командири взводро ба ӯҳда доранд. Ҳамин тариқ, дастаҳо аз 4 нафарӣ иборат буда, ҳар кадом бо азму иродаи қавӣ, қадамҳои устувору бо виқор ҷойҳои худро ишғол карданд. Озмун майдони намоиши зеҳну дониш, зиракӣ, истеъдоди ҳозирҷавобӣ, маҳорати суханварӣ ва нишон додани фарҳангу касбияти хизматчиёни ҳарбӣ, хосса афсарони ҷавон мебошад.
Тибқи фармони фармондеҳи Гвардияи миллӣ барои гузаронидани озмуни «Беҳтарин донандаи Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби мушовирони фармондеҳ, сардори раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ комиссия ташкил карда шуд.
Чуноне ки сардори шуъбачаи қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбии Сарситод подполковники гвардия Мирзо Умарзода қайд намуд: - мувофиқи Низомномаи гузаронидани озмун даври якуми он дар қисмҳои ҳарбӣ баргузор шуд. Командирон барои дастаҳо беҳтаринҳоро пешниҳод карданд. Даври дуюм байни даҳ даста ва даври сеюм бо иштироки ду дастаи беҳтарин сурат гирифт.
130 Аз рӯи натиҷаҳо маълум гардид, ки ду дастаи беҳтарин-қисмҳои ҳарбии 051055 ва 051059 барои ишғоли ҷойи якум ба қувваозмоӣ баромаданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи донандагони оинномаҳо аз қисми ҳарбии 051055 гардид. Ҷойи дуюмро бошад қисми ҳарбии 051059 ва ҷойи сеюмро қисми ҳарбии 051057 ишғол намуд. Дар раванди озмун аз рӯи ҷамъбасти холҳои гузошташудаи ҳайати ҳакамон маълум гардид, ки беҳтарин донандаи оинномаҳои ҳарбӣ капитани гвардия Беҳрӯз Мадаминзода аз қисми ҳарбии 051054 муайян карда шуд.
Ба саволи мо, ки чаро дастаи беҳтарин донандаи оинномаҳои ҳарбӣ капитани гвардия Беҳрӯз Мадаминзода сазовори ҷой нашуд, раиси комиссия подполковники гвардия Манучеҳр Ҳалимзода, муовини сардори Ситод оид ба хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ чунин посух гуфт:
- капитани гвардия Беҳрӯз Мадаминзода ба саволҳои иловагӣ бештар ҷавоб гуфта, нисбатан фаъол буд. Холи даставии қисми ҳарбӣ бошад, барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ кифоя набуд.
Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур ҳар сол гузаронида мешавад. Се соли пешин пайи ҳам ҷойи аввалро дар ин озмун капитани гвардия Одиназода Эмомалӣ - командири рота аз қисми ҳарбии 051059 соҳиб шудааст. Одиназода Эмомалӣ на танҳо ғолиби ин озмун, инчунин, дар дигар чорабиниҳои ҳарбӣ, виктаринаҳо ва фаъолияти хизматӣ ҳам комёб мебошад. Эмомалӣ ҳамчун афсари лаёқатманд пайваста вирди забон аст, зеро ӯ дар тарбияи ҳайати шахсӣ низ саҳми арзанда дорад. Борҳо дар ҷамъбасти солонаи фаъолияти Гвардияи миллӣ ҳайати шахсии Одиназода ҳамчун ротаи беҳтарин сазовори ҷойи аввал гаштааст. Ба мисли ин майори гвардия Лаззат Ҳомидзода ғолиби озмуну виктаринаҳо мебошад. Албатта, ин обурӯи командир ва қисми ҳарбӣ ҳам ҳаст.
Боварӣ дорем, ки капитани гвардия Беҳрӯз Мадаминзода, ки айни замон дар вазфаи командири взвод хизмат мекунад, дар оянда ба қуллаҳои аз ин баландтар мерасад. Ин ҷавонон шоистаи таҳсин ва дастгирӣ ҳам ҳастанд. Ҳар ду афсарони касбӣ буда, аз соли 2020 дар ин вазифаҳо хизмат мекунанд. Барои таълимоти ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстии сарбозону сержантон ва омода намудани онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои ҷангӣ масъулияти баланд зоҳир менамоянд. Ба таври дигар, зина ба зина омода шуда, алакай барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул тайёранд.

Хайринисо Комилзода


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.